Рубрики
Last News Мақола

Ворух- марзи номуси ҳар тоҷикистонӣ

             Ин субҳ вақте ба кор меомадам мӯйсафеде аз ман суол кард, ки муаллим  дар Исфара чӣ гап, тинҷӣ шуд? Ба ӯ вазъиятро аз рӯи шунидаю хондаҳоям шарҳ додам.

             Дидам, ваҷоҳаташ тағйир ёфт, мушташро гиреҳ кард ва гуфт:- Ман ҳозира худаш ба Ворух меравам.

             Ин нидои дили  танҳо ин мӯйсафед нест. Субҳи имрӯз раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватанпарвар”, ки милисаҳои мустаъфиро сарҷамъ мекунад, Соҳиб Юнусов ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб омада, изҳор дошт , ки 64 нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ омода ҳастанд ба Исфара раванд ва дар паҳлӯи сарҳадбонон ва мардуми Воруху Чоркӯҳ қарор гиранд.

            Аз дирӯз бегоҳ садҳо  нафар ҷавонмардони Панҷакент, ки байнашон  фаъолони ҲХДТ низ ҳастанд, назди комисариати ҳарбии шаҳр ҷамъ омада, омодагиашонро барои  кӯмак ба нерӯҳои марзбони кишвар изҳор менамоянд.  

            Ин ҷоро маркази иттилоот низ ном бурдан мумкин аст. Ҳар хабари аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо расидаро баррасӣ мекунанд.  Онҳо  хабари захм бардоштани раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро аз тири  ҳамсояҳои нохалаф шунида, даст ба дуо бардошта, сиҳатии комили ӯ ва дигар маҷрӯҳонро аз даргоҳи Худо талаб карданд.

             Ворух имрӯз тамоми Тоҷикистонро сарҷамъу муттаҳид сохтааст. Ин шаби моҳи шарифи Рамазонро садҳо нафар ҷавонмардони Масчою Деваштич, Кӯлобу Панҷекат ва дигар манотиқи Тоҷикистон дар майдонҳо рӯз карда, омодагиашонро барои пайвастан ба сафи муҳофизони Ватан изҳор доштанд.

            Мардуми мо аз азал сулҳдӯсту бомуросо ҳастанд ва ба гуфтаи устоди зиндаёд Лоиқ ба сари ҳеҷ касе лашкар накашидаем. Имрӯз низ мо дар Исфара даъвои замини ҳамсояҳоро надорем, аз марзу хоки худ ба ҷон ҳимоят мекунем ва бовар дорем, ки дар ниҳояти кор ҳамсояҳо сари мизи музокирот менишинанд ва ё бо ҷасорату мардонагӣ ҳамсояи пархошгарро ба ин водор мекунем.

             Тибқи хабарҳои расида ҳоло тарафҳо ба қарор омадаанд, ки ба музокирот пардозанд. Умедворем он бо муросою мадоро ба анҷом мерасад ва мардуми ду тарафи сарҳад бе тарсу хавотирӣ аз ҳамдигар умр ба сар баранд.

                                                                                                              Т. Солеҳзода,

                       котиби дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *