Рубрики
Uncategorized

Ворух – марзи номусу ғурури мо

Тифли домангири ман охир гиребонгир шудаст.

Имрӯз Ворух- ин гӯшаи бо амри таърих ва гузаштҳои сарварони собиқи мо дар инзиво қароргирифта, марзи номусу ғурури ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Мутаасифона, ҳамсояҳои мо ҳозирбин ҳастанд ва далелҳои таърихӣ барои онҳо арзише надорад. Дар музокирот бо ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон масъалаи муайян ва аломатгузории минтақаҳои баҳсии сарҳади ду давлатро баррасӣ намуд ва тибқи хабарҳои расмӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона баргузор шудааст, шояд як мавқеъ доранду ба хотири назди мардуми худ холи бештаре гирифтан, мавқеи дигарро пайгирӣ мекунанд. Изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев дар бораи иваз намудани Ворух бо ҳудуди дигар дар вилояти Боткен, ки чанд рӯз қабл расонаӣ шуд, ба ин далел аст. Натиҷаи чунин мавқеъгириҳои зуд-зуд ивазшаванда ва ғайримантиқии Ҳукумати Қирғизистон аст, ки барраси масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя, ки аз соли 2002 инҷониб идома меёбад, ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст. Дар ин муддат бо иғвои тарафи қирғиз дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворух борҳо ҷангҷол сар зада, боиси ҳалокати одамон ҳам шуд.

Ба назар чунин мерасад, ки роҳбарияти давлати ҳамсоя аз ин сабақе набардоштааст ва ба ҷои ҳалли мусолиматомез ва воқеии масъала бо изҳороти баҳсбарангез ба тезу тунд шудани муносибатҳо замина ҳам мегузорад.

Зимнан, далелҳои таърихи дур ва наздик собит менамоянд, ки ҳудуди Ворух собиқа ҳеҷ гоҳ дар инзивои давлати ҳамсоя қарор надоштааст ва онҳо дар замони шӯравӣ, ки дар ҳайати давлати ягона қарор доштем, шояд аз камэътибории роҳбарони вақти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, чарогоҳи муваққатӣ, обёрӣ ва ғайра дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворух маскун шуда, оқибат тавре мегӯянд, “тифли домангири ман охир гиребонгир шудааст” ва ҳоло пешниҳоди ивази Ворухро ба ҷои дигар мекунад. Бо ҳамин роҳу усулҳо Қирғизистон аз соли 1936 инҷониб ҳудуди худро аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор километри мураббаъ васеъ намудааст ва имрӯз инро эътироф кардан намехоҳад.

Тааҷҷубовар аст, ки ин пешниҳоди ғайри қобили қабулро на ягон шаҳрванди оддии давлати ҳамсоя, балки раиси хадамоти амнияти миллӣ, чун мавқеи расмии Ҳукумати Қирғизистон иброз медорад ва донистаю огоҳона гуфтушунидҳои ояндаро оид ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ боз ҳам печидаю душвор менамояд.

Тавре медонем, дар ҳалли чунин баҳсҳо иродаи сиёсӣ зарур аст. Маҳз дар ҳамин замина роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои дӯсту ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамаи масъалаҳои баҳсиро ҳал намуданд. Тибқи хабарҳои расонаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Роҳбарияти олии кишвари мо ҳамеша ҷонибдори бо гуфтушунид , бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намудани мушкилоти сарҳадӣ, ки “мероси” замони шуравӣ аст, мебошад. Боварӣ дорем, ки дар ҳалли ин масъала низ дер ё зуд ақли солим аз ҷониби давлати ҳамсоя ғолиб меояд.

Ҳоло бошад, Ворух марзи номус ва ғурури миллии мост ва аз он бо баҳои ҷонамон ҳимоят мекунем. Ҳамаи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳамин саф қарор доранд.

Мурод Шукурзода,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Турдибой Солеҳзода,

муҳаррири нашрияи ҳизбии

“Фарвардин”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *