Рубрики
Uncategorized

ВОРУХ – МУЛКИ АҶДОДИИ МОСТ!

Халқи куҳанбунёди тоҷик, ки худ фарҳанги бою пурғановат ва маданияти воло дорад, дар мубориза бо ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштааст. Шерамардони баору номус ва бонанги ин сарзамин омодаанд, ки ба хотири нигоҳдошти марзу бум, таъмини оромиву суботи кишвар ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ худро қурбон кунанд. Албатта ин салоҳу амонӣ осон ба даст наомадаст. Ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст бо ҳисси саршор аз меҳру муҳаббат ва ифтихор ин калимаи муқаддасро ба забон оварда, фахр аз он мекунад, ки ӯ Ватани ободу зебо ва беназир дорад. Сол аз сол ҳисси ватандӯстӣ, ободӣ ва осоиштагии диёр дар замири ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ маъво гирифтаву барои рушду нумӯъ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саъю талош меварзанд.

Тули чанд моҳ аст, ки дар матбуоти даврии давлати ҳамосямарзи Қирғизистон ва расонаҳои электронии он сару садоҳое ҷой доранд, ки деҳаи Ворух ба гузаштаи онҳо иртибот дошта бошад, ки чунин иддаоҳои беасос ҳар яки моро ба андеша намудани таърихи давлатдории давлати ҳамосоя водор менамояд. Чуноне, ки устод Нуралӣ Нурзод дар мақолаи хеш “Ворух меросе аз ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст” дарҷ намудаанд: – “Ворух дар донишномаи электронии озоди “Википедия” чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз “вара”-и форсии қадим гирифта шуда, маънии “қалъа, “мавзеи бо девор иҳоташуда” – ро дорад. Ҳар нафаре, ки аз ин русто дидан менамояд, ҳамаи гуфтаҳои таърихиро бо чашми сар мебинад ва назди худ хулоса мебарорад, ки Ворух сарзамини аҷдодии Тоҷикон асту дар онҷо фарзандони боору номуси насли Сомонӣ зиндагонии шоистаро ба сар мебаранд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар изҳороти худ пешниҳод намудааст, ки “ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд”, ки ин пешниҳодро қобили дастгирӣ намеҳисобем. Аввал ин, ки Ворух ҷазирақаламрав нест! Ворух пораест аз Тоҷикистони биҳиштосо! Дувумин ин, ки ҳеҷ аз як бошандагони миллати Тоҷик намехоҳад, ки як гушаи биҳиштосоро ба гушаи “ҳайлангон” иваз намояд.

Боиси зикри хос аст, ки дарҷи ҳазорон аз чунин матлабҳо, ки аз таърихи мардуми тоҷик ва Вохурзамин ишорат мекунанд, барои мо ҳам имконоте фароҳам меоваранд ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ, ки дар арзишмандтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надоранд, баръакс бо зикри ин матлабҳо мехоҳем танҳо изҳор намоем, ки ҳақиқатҳои таърихӣ ҳаргиз аз хотираи башарият зудуда намешаванд. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳар як порчаи хоки Ватан – аз Бадахшон то Зарафшон аз Суғд то Хуталон, хуллас хоки поки ҳар як маҳалла, рустоии ин меҳани биҳиштосо бароямон азиз аст. Бо итминон ва бо ҷасорату мардонагӣ, нангу номуси Ватандорӣ, якпорчагии миллӣ ва ҳисси баланди хештаншиносӣ иброз медорем, ки барои оромиву осоиштагӣ ва ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки поки Тоҷикистони азиз, аз ҷумла Ворухи хуррамзамин ҷонамонро дареғ нахоҳем дошт. Дар интиҳо бори дигар баён менамоем, ки Ворух аз Тоҷикистон аст ва ҳеҷ “ботлоқзада” – е наметавонад ва ҳаққу ҳуқуқ ҳам надорад, ки доир ба он андеша ронад ва моли худ ҳисобад.

Раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Айнӣ

Рузибой Раҳимзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *