Рубрики
Uncategorized

Вохурӣ бо донишҷӯдухтарон

Санаи 28-октябри соли равон мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Гулбахор, устодони МДТ ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯдухтарони МДТ ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров оид ба Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, риояи гигиенаи шахси пешгирии бемориҳои сироятшаванда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, вохӯрӣ доир намуданд. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Гулбахор дар бораи пешгирии пошхӯрии оилаҳо, худкушӣ, зӯроварию хушанат дар оила ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон сухан нумуда қайд намуд, ки ин ҳолатҳои номатлуб дар натиҷаи омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират сар мезанад. Аз ин ҷост, ки ҳамаи шуморо зарур аст, ки маърифати оиладориро чи духтарон чи писарон хуб омухта оила бунёд кард. Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯдухтарон оид ба маърифати оиладорӣ аз устодони МДТ ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *