Аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд доир намуданд.
Аъзои Фраксияи ҲХДТ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб зимни вохӯрӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва талаботҳои асосӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, илму маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар бар мегирад шарҳу эзоҳ доданд. Қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва руйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Гуфта шуд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон зимни ироаи Паём дастур доданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Инчунин иброз доштанд, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар идомаи мулоқот гурӯҳи тарғиботии МИҲД- и ноҳия аз он ҷумла муовини раиси ноҳия С.Раҳматзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода ва дигар масъулон доири Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ”, омодагии ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ, баланд бардоштани таълиму тарбия, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва ҷудошавии оилаҳо ибрози назар намуданд.
Вохӯрии аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб бо интихобкунандагони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.