Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ВОЛИДАЙНИ ХАТМКУНАНДАГОН

МАСТЧОҲ Дар МТМУ №11 ба номи Шодӣ Асророви Ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ – Абдурозиқ Раҷабзода бо падару модарони хатмкунандагони зинаи сеюми таҳсил баргузор гардид, ки  дар он ҳамчунин сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия – Қудратбек Сафаров ва муовини якуми раиси  Ҷамоати деҳоти Оббурдон Икром Ахмедов иштирок карданд. Сараввал директори муассиса Шарофатмоҳ Иброҳимова вохӯриро ифтитоҳ намуда, мақсад ва вазифаҳои онро шарҳ дод. Абдурозиқ Раҷабзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ – 17 доир ба дастовардҳои даврони Истиқлол, рушди соҳаи маориф дар ин давра ва таваҷҷӯҳи дастгирии  ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккул ва такомули ҷисмонию маънавии наврасону ҷавонон маърӯза намуда, таъкид кард, ки дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ин қишри пешбарандаи ҷомеа танҳо масъулияти муассисаҳои таълимӣ набуда, аз падару модарон низ таваҷҷӯҳи  махсусро тақозо мекунад.

– Аз ин рӯ мо набояд ба ояндаи насли созанда – ҷавонон бефарқ бошем, бояд барои зиндагиву фаъолияти шоистаи онҳо дар ҷомеа талош варзем. Бо зикри  ин нукта аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шудани фарзандонатон, махсусан ҷавондухтарон кӯшиш кунед, бигзор хонанд, соҳибкасб шаванд ва пешрафти давлату ҷомеа саҳми арзанда гузоранд, – таъкид кард  А. Раҷабзода.

Дар идомаи вохӯрӣ Қудратбек Сафаров – сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия ва Икром Ахмедов – муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон низ оид  ба масъалаи вохӯрӣ ибрози андеша намуда, ба вакил Абдурозиқ Раҷабзода барои ташкилу баргузории чунин вохӯрии муфид ибрози сипосу миннатдорӣ карданд.

Муҳаммадмусо КАРИМОВ,

омӯзгори МТМУ #11, ба номи Шодӣ Асроров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *