Рубрики
Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар асоси нақша- чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 32 «Истаравшан» Каримзода Мирзоқосим бо интихобкунандагон барпо гардид.Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил ҳусни оғоз бахшида, суханро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси КИ ҲХДТ, муҳтарам Каримзода Мирзоқосим вогузор намуд.Каримзода Мирзоқосим ба сокинон иброз намуд,ки вохӯрӣ бо интихобкунандагон шунидани арзу ниёзи онҳо ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи интихобкунандагон мебошад.Инчунин ӯ оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла қайд кард,ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ мебошад.17-сол пеш аз ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардида,то инҷониб амал намуд ва он баҳри беҳтар гаштани зиндагию рӯзгори мардум ёрии амалӣ расонид.Бо гузашти солҳо ин қонун аз нав таҳрирталаб шуда, ба шакли нав ва унвони дигар «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» пас аз муҳокимаҳо ва тасдиқ дар Маҷлисҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти мамлакат аз санаи 20-уми июни соли 2024 ба амал татбиқ гардида истодааст.Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок қабул шудааст.Ҷиҳати амалӣ намудани қонуни мазкур дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода шудааст.Низомномаи комиссия дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мегардад.Дар баромади худ Каримзода Мирзоқосим тағйиротҳои қонуни мазкурро аз қонуни пешин шарҳ дод ва аз интихобкунандагон даъват ба амал овард,ки баҳри беҳбудии рӯзгори худ ба қонун бо пуррагӣ риоя кунанд.Дар ҳолати риоя накардан ба қонун он ҷавобгарӣ дошта дар навбати аввал ҷаримаҳои муқарраргардидаро месупоранд,ки нисбатан хеле баланд нишон дода шудааст.Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда муовини раиси шаҳр Парвиз Зафарзода ва интихобкунанда Муноҷот Шарифзода баромад намуданд.Сипас директори Коллеҷи тиббӣ Сафарализода Рустам доир ба ҷойивазкунии трансформатори маҳалла,ки дар ҳудуди коллеҷ ҷойгир аст ва сокини маҳаллахонаи Уротеппа Турсунов Хоҷимурод дар бораи тоза намудани ҷӯйбори дохили маҳаллахона муроҷиат карданд, Каримзода Мирзоқосим –вакил иброз намуданд,ки ба ҳалли масъалаҳои гузошта шуда кӯмак мерасонанд. Вохӯрӣ хеле хотирмон доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *