Санаи 7-уми феврал дар толори муассисаи давлатии таълимии гимназияи №5 вохӯрии номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” бо интихобкунандагон доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси Комиссияи шаҳрии интихобот ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раисони участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ, интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан”, номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” ва шахсони боътимоди номзадҳо иштирок намуданд. Чорабиниро Абдураҳмонзода Афзуналӣ – раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оғоз намуда, таъкид намуд, ки санаи 18 феврали соли 2024 дар шаҳри Истаравшан интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” доир мешавад. Ҳамчунин, номзадҳоро ба интихобкунандагон шинос намуд. Баъд аз он, шахсони боътимоди номзадҳо баромад намуда бо тарҷумаи ҳоли номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” шинос карданд.Ҳамчунин, дар назди ҳозирин Каримзода Мирзоқосим – номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” баромад намуда, бо барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуд Аз ҷумла, таъкид намуд, ки барномаи пешазинтихоботии ман аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма гирифта, зери сиёсати бобарор Пешвои муаззами миллат давра ба давра амалӣ мегардад. Зеро таъмини зиндагии шоиста ба мардум ҳадафи асосии Сарвари давлат маҳсуб шуда, дао Паём таъкид намудаанд, ки “дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд. Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки вақте шароити зист дар оила беҳтар шуд, падару модарон кӯшиши онро мекунанд, ки фарзандонашон беҳтару хубтар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки сол то сол теъдоди ҷавононе ки ба муассисаҳои таҳсилоии олӣ ва миёнаи касбӣ дохил мешаванд, меафзояд. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Ин ҳама самараи таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумат аст”. Мехоҳам, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои ояндасози Сарвари давлат, дар асоси барномаи худ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр ва боло бурдани обрӯ ва нуфузи ҳизб ҳиссагузор бошам. Вакили халқ будан ин робитаи қавӣ доштан бо мардум, шунидани арзу ниёзи сокинон, расонидани ёрии амалӣ дар ҳалли мушкилоти онҳо мебошад, ки ин нуқтаҳоро дар Барномаи пешазинтихоботии хуб инъикос намудаам. Ҳамчунин, мавсуф оид ба мақсад ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии худ маълумот пешниҳод намуд.Ҳамзамон, Аслонова Мунира ва Бобоҷонова Мунира номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” баромад намуда, интихобкунандагонро бо мӯҳтавои барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуданд. Саидбой Зокиров, Маърупов Акбар ва Олимҷонов Беҳрӯз баромад намуда, оид ба дастгирии номзадҳо дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №32 “Истаравшан” ибрози андеша намуданд.Дар фарҷом, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 18 феврали соли 2024 дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд фаъолона иштирок намоянд.
Рубрики