Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМОЙ

Баҳри тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 Косимӣ Файзулло чорабиниҳои таблиғотӣ бомаром ҷараён дорад.

Инчунин санаи 13 апрели соли 2021 дар асоси нақшаи вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва дар толори МТМУ №15 вохӯрии номзад бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин вохӯриҳо номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимӣ Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ва намояндаи Комиссияи ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишонов Нурилло иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни ҷамъомад номзадро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам муаррифӣ намуда аз ҳозирин хоҳиш ба амал овард, ки номзадии Қосимӣ Файзуллоро дастгирӣ намоянд ва дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд.

Баъдан худи номзад бо Барномаи пешазинтихоботии хеш баромад намуда қайд намуд, ки дар ҳолати интихоб гардиданаш, саъю талош меварзад, то лоиқи боварии интихобкунандагони хеш гардад ва дар ҳамбастагиву ҳамкории зич бо онҳо баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби Тоҷикистони биҳиштосо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи оинномавию барномавии ҲХДТ саҳми худро гузорад, зеро ояндаи дурахшону ободи Ватани азизамонро танҳо мо – тоҷикистониёни бо нангу номуси бошараф бо ҳам месозем.

Дар ин вохӯриҳо 120 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой иштирок намуданд.

Вохӯрӣ дар сатҳи якдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди иштирокчиён сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоби озодона байни интихобкунандагон ва номзад сурат гирифт. Аз ҷумла хоҳиш ба амал оварда шуд, ки барои ба охир расонидани сохтмони бинои нотамоми МТМУ №15 дарсгирӣ карда шавад.

Вохӯриҳо дар ин самт идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *