Рубрики
Last News

Вохӯрии судманд

Дар амал тадбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ифратгароиву терроризм, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19», мубориза бар зидди коррупсия, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ барои ҳар яки мо қарзи шаҳрвандист!

Бо ин мақсад масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ монда истодаанд. Аз ҷумла,

29 апрели соли 2021 мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҷаматов Асқаралӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ, гирифтани пеши роҳи ҳар гуна амалҳои номатлуб аз қабили дуздию ғоратгарӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №22-и Ҷамоати деҳоти Гулхонаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор намуд.

Ҳамчунин, дар раванди вохӯрӣ бо хонандагон оид ба мазмуну моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саволу ҷавоб доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *