Рубрики
Асосӣ

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Тибқи нақшаи шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ҷавонон ва занон вохӯриву мулоқот доир гардида истодааст. Мақсад аз баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо тарғибу ташвиқи барнома ва фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирӣ аз хурофот, тарғиби таҳаммулгароӣ, хештаншиносиву ватандӯстӣ мебошад.

Чунин вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.

Тарғиботчиёни Кумитаи иыроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдумавлон Азимов – устоди Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Моҳира Раҳимзода – котиби масъули нашрияи “Сухани халқ”, Назирҷон Мирмуллоев – мудири шӯъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Дилрабо Қурбонова – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Манзура Раҳимова – ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни коллеҷ мулоқот намуда, перомуни масъалаҳои зикршуда баромад намуданд.

Сароғоз муовини раиси ТИ ҳизбии “Сино” Анбарой Волидова оид ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва ободии кишвар сухан кард.

Тарғиботчиён перомуни мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла тарбияи дурусти ҷавонон дар самти худшиносиву меҳанпарастӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, омӯзиши таърихи навини миллати тоҷик, пешгирӣ аз ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб ва ғайраҳо андешаронӣ карданд.

Дар фарҷом чанд нафар аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва миёни тарғиботчиён ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тавоҳум анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *