Рубрики
Асосӣ

ВУСЪАТИ СОХТМОНИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Гурӯҳи калони ҳизбиёни вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, кормандони масъули кумиҷроияи вилоятӣ, раисони кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳии Хуҷанд,  Ашт, Зафаробод, Айнӣ  аз ҷараёни сохтмони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, дидан карданд. Зимни суҳбат Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад  иттилоъ дод, ки дар  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара идома дорад. Ба корҳои сохтмонӣ  мутахассисону сохтмончиён, ҷалб гардида, то имрӯз аксари корҳо ба итмом расонида шудааст. Бинои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аз панҷ ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, толори барҳаво ва дигар   иншооти  ёрирасон , саҳни васеъ бо роҳраву майдончаҳои сабзу гулпӯш иборат  мебошад. Сохтмончиёни бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин гурӯҳи калони ҳизбиёни вилояти Суғд аз Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара ва чойхонаи Хуррамшаҳр дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *