Рубрики
Uncategorized

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ …

Имрузҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву осебдидаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён бунёду барқарор карда шуда истодаанд. Дар ҳошияи ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат сохтмони хонаи оилаи зарардида аз муноқишаи назди сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Ҷоркуҳи шаҳри Исфара аз ҷониби ҳизбиёни вилояти Суғд бо маром ҷараён дорад.

Субҳи имруз Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ҷараёни сохтмони хонаи оилаи зарардида дар ин деҳаи баландкӯҳи шаҳри Исфара дидан намуда, барои вусъати корҳои сохтмонӣ дастурҳо дод.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Исфара Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба беморхонаи шаҳри Исфара ташриф оварда аз аҳволи cоҳиби ҳавлие, бар асари ҷанг ҷароҳатбардошта буд ҳолпурси намуда, саломатии кулл таманно намуд.

Дар идомаи сафари кории худ Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ҷараёни сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дидан намуда, барои вусъати корҳои сохтмонӣ ва сифатнок анҷом додани он дастурҳо дод. Гуфта шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани иншоот армуғони хубе хоҳад буд барои ҳизбиёни шаҳри Исфара.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *