Рубрики
Асосӣ

Гузоштани санги асоси мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб – интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш

15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ – мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимии ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди мактаби мазкур мушкилоти бошандагони атрофи деҳоти “20 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҳал гардида, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия замина мегузорад.

Ба иттилои масъулон баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, мушкилоти набудани мактаб ва ё дур будани он аз назди хонаҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ҳал гардида, ба ин васила сатҳу сифати таълиму тарбия низ хубтару беҳтар хоҳад гардид.

Дар муаррифии бинои мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторон бошад, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки мактаб-интернат бо дарназартошти талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои як хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёну масъулин дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, корҳои бунёдӣ бо сифат ва бо риояи талаботи меъморӣ бунёд гардад.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бунёд гардида, то соли 2023 пурра сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Иқдоми сохтмони мактаби таълимӣ ва мактаб – интернати бепарасторон дар деҳоти ноҳияи Вахш бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия давоми се соли охир якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид.

Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ваъда доданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон саҳми муносиб мегузоранд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25930

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *