Рубрики
Uncategorized

Гулистон:“Артиши миллӣ – сипари боътимоди Ватан”

Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таърихи 09.02.2022 зимни ба истифода додани бинои маъмурии Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иброз доштанд,  вохӯрӣ бо ҷавонон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ,  шарҳи самтҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зӯроварӣ дар оила, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  бахшида ба  29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии баргузор карда шуд.

      Дар рафти вохӯрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ,  Заррина Раҳмон – мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сардори комиссириати ҳарбии шаҳри Гулистон подполковник Сатторзода Хайрулло Одина иштирок ва баромад намуданд. Ба вохӯрӣ Муслимахон Ҷамолиён- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

     Зимни баромадҳо қайд гардид, ки тарбияи ҷавонони бомаърифату соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар  ва бонангу номус  вазифаи муҳими ҳар як ҷомеа мебошад. Мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  ба фаъолиятамон  тақвият бахшида, бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем.

    Ватанамонро сидқан дӯст дорем  ва фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоем. Вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат гузошта шуданд, ҳар як соҳибватанро водор месозад, ки нақши худро дар некӯаҳолии мардум гузорад.

    Дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд нафар аъзоёни тозаинтихобшудаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” шаҳодатнома супорида шуд. Чунин мулоқотҳо дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо ҷавонон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *