Рубрики
Uncategorized

Гулистон:Рӯзи дарҳои кушод дар қисми ҳарбӣ

 

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ба истифода додани бинои маъмурии Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иброз доштанд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” дар қисми ҳарбии №07746  воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон доир карда шуд.

       Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Бердиева  Наргис,  собиқадорони ҳизб, занҳои фаъол ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

    Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён афсарону аскарони қисми низомиро бо 29 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, ибрози сухан  кард, ки ҳадафи баргузории чорабинии имрӯза маҳз бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ошноӣ аз вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварамон метавонанд, бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи сулҳу ваҳдат баҳра барад. Ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши миллӣ қобили муҳофизати марзу буми кишвар доранд ва онҳоро шабонарӯзӣ муҳофизат мекунанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт аст. Ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватан ва қадри волидонро меомӯзанд. Сипас, аз тарафи сарбозон намоиши машқҳои низомӣ бо маҳорати баланди касбию хизматӣ гузаронида шуд.

       Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аҳли иштирокдорон аз шароити буду боши афсарону аскарон аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ якчанд афсарон барои хизматҳои шоён дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *