Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра хатари ҷиддие дорад, ки номи он “Терроризми байналмилалӣ” мебошад. Истилоҳи терроризм аз ду қисмат – аз калимаи лотинии «террор» («тарс», «ваҳшоният») ва суффикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст. Имрўз бошад, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, воситаи муоссири тарсондани инсонҳо, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд Аз ин рӯ мо тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба эъмори давлати озоду обод расидаем, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва Ватани азизи худро аз дасти нохалафон пок дорем, зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид.
Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Гулистон