Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон як қатор ҷавонони фаъолро аз соҳаҳои гуногуни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода аъзоёнро шодбош намуда, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихор аст қайд намуданд аъзоёни тозаинтихобшудаи ҳизб.
Рубрики
Гулистон:Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихор аст
