Бахшида ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон (марҳилаи дуюм)-и футболи хурд ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ” барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни корхонаву ташкилотҳо мусобиқаи футболи хурд идома дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ба марҳилаи дуюм ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба дастаҳо бурдбориву муваффақиятҳо орзу намуд.