Тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар кӯчаҳои шаҳр, мағозаву маҳалҳо, хонаҳо бо усули рӯ ба рӯ бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуда, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо доир намуданд. Зимни вохӯрӣ зикр намуданд, ки саломатии ҳар як шаҳрванди кишвар барои мо азиз буда, ба хотири пешгирӣ аз ҳаргуна сироятҳо талаботро риоя намоянд. Ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории сироятӣ дастрас гардид.
Рубрики
ГУЛИСТОН:ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТИРО РИОЯ НАМОЕД!
