Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: АЗ БЕМОРИИ ВНМО (ВИЧ СПИД) ЭҲТИЁТ БОШЕД!

        Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО – СПИД масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони Ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар” ва Маркази тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Гулистон Аксия ва мулоқот бо аҳолӣ таҳти унвони “Аз бемории ВНМО (ВИЧ СПИД) эҳтиёт бошед!” –ро доир намуданд. Варақаҳои таблиғотӣ зидди бемориҳои сироятии ВНМО (ВИЧ СПИД), бемории Сил ва Ковид-19 тақсим карда шуд.

          Зимни мулоқот қайд гардид, ки СПИД вабои аср буда, яке аз бемориҳои хавфнок мебошад, ки дар замони муосир тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз оқибати он бисёрии беморон фавтидаанд. ВНМО яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ буда, қариб дар ҳама ҷо дар бораи ин беморӣ сухан меравад. Барои ҳар як инсон саломатӣ чизи қиматтарин мебошад. Вале онро ҳифз кардан, алалхусус, дар он ҳолат ба мо муяссар мегардад, ки мо муносибатҳои байни якдигарро ба хуби дарк намуда, эҳсоси бехатариро дар онҳо нигоҳ дорем. Ҳар якеро месазад, ки з ҳар гуна амалҳои ифротӣ ва бемориҳои сироятӣ дур бошанд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *