Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: “Ваксина гирифтан роҳи асоӣ ва муҳим барои зафарёбӣ аз COVID-19″

Дар доираи пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии Коронавирус дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон мунтазам корҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад. Аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Адрасмон” Баротзода Сарҳат Барот ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Пулодиён Гулсанам ва кормандони тиббии шаҳрак Аксияи «Ваксина гирифтан, роҳи асосӣ ва муҳим барои зафарёбӣ ба COVID-19 Ҳамроҳ ваксина мегирем, то солим бимонем” гузаронида шуд. Барои ҷалби аҳолӣ барои гирифтани Ваксина зидди ин беморӣ бо усули хона ба хона мулоқот доир гашт. Зимни мулоқот аз тарафи масъулин роҳҳои пешгирии бемории сироятии Коронавирус фаҳмонида шуд. Хушбахтона мардуми сарбаланди Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба худи дарк намуда истодаанд, ки гирифтани Ваксина ягона роҳи халосӣ аз ин беморӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *