Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Тозагӣ-гарави саломатист!”

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба фаҳмонидани моҳияти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус СОVID – 19 бо гурӯҳи тарғиботӣ аксияву вохӯриҳо, сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон ба роҳ монданд.

Аъзоёни гурӯҳ бо мардум вохӯрда, оид ба роҳҳои пешгирии сироят аз бемории коронавирус, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагии манзил, истифодаи маҳлули антисептикӣ сӯҳбат доир намуданд. Зимни аксия ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ дар бораи роҳҳои пешгирии ин беморӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *