Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Аксияи умумивилоятии “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №85 аз 12.10.2021с. имрӯз бо мақсади мусоидат дар муташакилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ аксияи умумивилоятии Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем” баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва бо ҳамроҳии вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Иброҳимзода Абдуҷалил дар Қисми Ҳарбии № 0216 воқеъ дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон, Рузи дарҳои кушодро дар сатҳи баланд баргузор намуд. Ҳамчунин ба Қисми ҳарбии мазкур маводи хӯрока ва 2 қутти маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд.

Намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” ва ҷавонон аз аҳволи аскарон дидан намуда, аз шароити буду боши онҳо, вазъи хизмат, ошхона, ҷои хоб ва таълимгоҳ шинос гардиданд.

Муслимахон Ғайбуллозода ба ҳозирин муроҷиат намуда, сараввал бо дастоварди бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик карда, оид ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҳимояи осоиштагии кишвар сухан намуд . Ҷавонон қарзи ватандустии худро хуб дарк намуда, баҳри ҳимояи Ватан-Модар омода бошанд. Зеро Ватан – Модар барои ҳар яки мо муқаддас ҳасту азиз.

Худи ҳамин рӯз ду оилаҳое, ки фарзандонашон дар хизмати Ватан – Модар мебошанд, аёдат карда шуданд.        

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *