Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Аксияи эмгузаронӣ таҳти унвони баҳри ҳифзи саломатӣ бетараф намонед!!!

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID – 19

ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшиданд.

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой  мулоқоту вохӯрӣ ва аксияи эмгузаронӣ таҳти унвони “Баҳри ҳифзи саломатӣ бетараф намонед!!!”  дар кӯча, хона ба хона доир карда шуд. Тарғиботчиён  оид ба бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи дурусти маҳлулҳои безараргардонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Ҳамзамон эмгузаронӣ ба роҳ монда шуд. Суратгузориш аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *