Бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аксия таҳти унвони “Артиши миллӣ-нерӯи муқтадири кишвар!” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои шаҳр доир карда шуд.
Зимни баргузории аксия коркунони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҷавононро шодбош намуда, зикр доштанд, ки имсол 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар фазои орому осудаи Ватан бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии гарму самимонаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъшуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош карда истодаем. Ҷавонон баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳарвақта гузоранд, зеро хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф аст. Варақаҳои тарғиботӣ тақсимот карда шуд.
Суратгузориш аз ҷараёни аксия.