Таърихи 05.12.2022 бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва аксия таҳти унвони “Пешвои мо -ифтихори мо” роҳандозӣ карда шуд.
Зимни корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва аксия иброз карда шуд, ки
28-сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як сокини кишвар ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати сулҳу ваҳдатро тарбия намуд. Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иҷтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум саъю талош кард.
Имрӯз бояд аҳли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шукрона аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ намуда, баҳри ободии Ватану сарсабзии сарзамин софдилона хизмат намуда, барои ояндаи дурахшони миллат ба фарҳангу суннатҳои аҷдодиамон арҷ гузоранд.
Ба шаҳрвандон зиёда аз 350 адад номаи табрикотӣ тақсимот карда шуд.Аксҳо аз ҷараёни корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ.