Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Аксия таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мо”

Зикр бояд намуд, ки миллати сарбаланди тоҷик 30- сол аст, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад.

Мардуми халқи тоҷик аз Президенти худ фахр дошта, ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи Президент”-ро тантанавор истиқбол мегиранд. Баҳри иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №94 аз 10.11.2021, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аксия таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо” доир намуд. Коркунони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, зимни аксия аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ёдоварӣ намуда, шаҳрвандонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд. Суратгузориш аз ҷараёни аксия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *