Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ХУДРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС СОVID-19 ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!”

Тарғиботчиён тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирии мавҷи навбатии бемории сироятии коронавирус аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Худро аз сирояти коронавирус  СОVID-19  эмин нигоҳ доред!”-ро

дар кӯчаҳои шаҳр, бозор, хона ба хона ва мавзеъҳои серодам ба роҳ монданд.              

        Зимни аксия доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати эмин нигоҳ доштани солимии худ ва наздикону пайвандон фориғбол набошанд, бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.  Ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, дар ин самт муроҷиатномаи ҲХДТ, маводҳои тарғиботӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ба сокинон тақсим ва ба ҷойҳо насб карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *