Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Артиши миллӣ – кафили амнияти Тоҷикистон


​ ​ ​ ​ ​ Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории соатҳои сиёсиро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монд.
​ ​ ​ ​ ​ ​ Масъулон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд : “Мо ба Қувваҳои​ Мусаллаҳи​ кишварамон​ эътимоди​ комил​ дорем​ ва дилпурем, ки​ онҳо​ минбаъд​ низ​ истиқлолияту​ озодии​ Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти​ давлат​ ва​ суботу​ оромии​ мардуми​ моро чун сипар ҳимоя​ мекунанд”​ . ​ Баёни дастури роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид аст. Сарвари давлат ба ҳар як шаҳрванди кишвар хитоб менамоянд, ки ҳар яки мо бо рафтори намунавии худ нисбат ба Ватани азизамон оромие, ки дар сарзаминамон ҳукмфармо мебошад, қадрдонӣ кунем ва барои амнияти кишварамон, сулҳу суботи ҳар як хонадон саҳмгузор бошем. Ҳар як фарди ватандӯсти кишвар барои рушди ҷомеа ва давлати сарсабзамон бояд бо хизмати содиқонаи хеш дар соҳаҳои гуногун саҳмгузор бошад. Суратгузориш аз ҷараёни соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон”, муассисаи таҳсилоти №2.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *