Бахшида ба Рӯзи Модар дар назди маҷмааи Модар аксия ва чорабинии идона таҳти унвони “Арҷгузорӣ ба Модар” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он фаъолони ҳизб, шаҳрвандон, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ҳозиринро бо Рӯзи Модар шодбош намуда, барояшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно кард. Аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ шеърҳо дар васфи Модар қироат карда шуданд. Дар назди муҷассама гулчанбар гузошта шуда, фаъолони ҳизб, модарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонони шаҳр дар пояи муҷассама, ба Модар арҷгузорӣ намуданд. Ҳамзамон номаи табрикотӣ дастраси бонувон гардид.
Рубрики
ГУЛИСТОН: АРҶГУЗОРӢ БА МОДАР
