Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Аёдати солинавии ҳизбиён

Аёдат ва дидорбинии ниёзмандон, ятимону бепарасторон, маъюбон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва нафароне, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳми босазо доранд, дар меҳвари фаъолияти ҳизбиён қарор дошта, ин ҳадаф дар Барномаи ҲХДТ муқаррар гардидааст. Дар арафаи Соли мелодии-2022 аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода дидорбинӣ карда шуд.

Аз ин иқдом аёдатшудагон шодмонӣ ва шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузории хешро баён намуданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *