Рубрики
Асосӣ

Гулистон: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаи воҳидии  экспидитсияи комплексии геологии қайроққум дар шаҳри Гулистон

       Санаи 14-уми июни соли равон дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии КВ “ЭКГҚ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 5 масъала баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид .

        Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд.

       Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдуллоев Ғуфрон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди корхонаи воҳидии экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум  фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои  Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ ба роҳ монда, дар ин муддат сатҳу сифати фаъолияти ҳизбӣ, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардошт.

      Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ корбариро байни кормандон ва аҳолӣ роҳандозӣ намуд.

      Сипас чор нафар ба музокираи ҳисобот баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

      Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаракатҳои ифротгароӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, муосидат намудан дар мушкилоти ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз  ибрози сухан намуд.  

      Таъкид шуд, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аъзоёни ҳизбро лозим аст, ки бо мардум бошанд ва ба мардум оид ба моҳияти ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.

     Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба фаъолияти  ташкилоти ибтидоии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳамзамон доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, рушди соҳаи саноат, рӯҳонияти маҳаллӣ ва масъалаи истифодаи он дар бозиҳои геополитикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён намуданд.

     Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ роҳбари корхонаи воҳидии экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум Худойназар Амонзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.

     Инчунин, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадршиносӣ карда шуда, аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ қабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.Аксҳо аз ҷараёни маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *