Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН: Бедор бошед!!!

ВОКУНИШ: Дар айни замон ифротгароӣ ва терроризм хавфи ҳақиқии амнияти миллии Тоҷикистони маҳбубамон гаштааст. Аниқтараш тули чандин сол мешавад, ки ин падидаи номатлуб ҷаҳони муосирро такон додааст. Хатари ниҳоят бузургест, ки қодир аст ба ҳар як ҷомеа, ҳатто босуботтарин ва пешрафтатаринро халалдор намояд. Давлатҳои абарқудратро ноустувор карда, ҷомеаҳои тараққикардаву пешрафтаро хароб гардонад.

Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистии гуногун ҷавононро ба иттиҳодияҳои худ ҷалб намуда, аксар вақт ба онҳо роҳи ҳаллӣ ҳама мушкилотро, аз ҷумла мушкилоти моддиро пешниҳод карда, воқеан ояндаи онҳоро хароб мегардонанду баҳри онҳо мушкилоти нав эҷод мекунанд. Дини мубини исломро ҳамчун тарғиботӣ ифротгароии худ қарор дода, ба роҳи хато ва нобудшавӣ равона месозанд.

Бешубҳа, пешгирӣ намудани ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон назар ба рафъи оқибатҳои нангин ба маротиб фоидаовартар аст. Тарбияи таҳамулпазирои дар байни ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, муносибати таҳаммулпазири нисбати одамон, сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, молу мулкашон, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву фахри миллӣ ва дар ниҳоди онҳо коштани меҳр нисбат ба ватан, фарҳанг ва меҳнат вазифаи азалии худ донем ва сидқан баҳри ба ҳадаф расидан толош варзем, ҷавонону насли наврасро аз рафияҳои номатлуб ҳимоят карда метавонем. Ҷавононро, ки ояндасозӣ миллати мо ҳастанд, аз гумроҳи бозмедорем.

Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри равона сохтани ҷавонон ба варзиш, донишомӯзиву касбомузӣ шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. То ҷавонону насли наврас дорои рӯҳияи баланди ақлониву ҷисмонӣ тарбият ёфта, дар зиндагӣ роҳи некӣ худро дошта бошанд ва саҳми босазои худро гузошта тавонанд, баҳри халқ ва ватани худ хизмат намоянд.

Шамсиддинова Ф. узви ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *