Имрӯз дар доираи корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории сироятии Коронавирус ва ҷалби аҳолӣ барои гирифтани Ваксина зидди ин беморӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо усули хона ба хона бо аҳолӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқот роҳҳои пешгирии бемории короновирус ва моҳияти ваксинатсия фаҳмонда шуд. Ба таври оммавӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба Ваксина роҳи халосӣ аз ин беморӣ мебошад.
Саломатии худро эҳтиёт намоед. Ваксина гирифтанро фаромуш накунед. Ваксина роҳи наҷот!