Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ваксинатсия ягона роҳи наҷот!

Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва даъвати шаҳрвандон барои гирифтани ваксинатсия аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол кишвари мо дар радифи тамоми давлатҳои дунё барои мавҳи бемории COVID-19 талош дорад. Махсусан кормандони соҳаи тиб мудом бо ин беморӣ даст ба гиребонанд. Дар шароити кунунӣ, ки ҳама намуди ваксина барои халқ ройгон таъмин шудааст, аз ваксинатсия нагузашта, нисбати саломатии худ канорагирӣ кардан ҷоиз нест. Бояд масъулиятшинос бошем. Саломатии худ ва наздикони худро ҳимоя кунем. Ваксинатсия баҳри пешгирии бемори короновирус нақши асосиро мебозад. Короновирус ва тарсу ваҳм аз ин беморӣ одамонро ба ҳолатҳои фоҷиабор оварда мерасонанд.

Аз мардуми шарафманди шаҳри Гулистон хоҳишмандем, ки саломатии худро ҳифз намоед – аз Ваксинатсия гузаред!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *