Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Вохӯрӣ бо бонувон

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҷалби  аҳолӣ ва фаъолони ҳизб корҳои тарғиботиву ташвиқотиро  оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  дар самти занон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монд.

       Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён дар баромади худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола  нақши бонувону занонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург шумориданд.  Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

      Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад. Эътирофи нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мо занону бонувонро вазифадор месозад, ки боз хубтару  беҳтар кору фаъолият намуда, сазовори боварии Пешвои миллат бошем.Ба фаъолиятамон  тақвият бахшида, ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем, Ватанро сидқан дӯст дорем  ва фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *