Рубрики
Uncategorized

Гулистон: ВОХӮРӢ ДАР МАҲАЛ

Бо занону бонувони маҳаллаи шаҳраки Гулистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба ҷалби фарзандони онҳо ба хизмати ҳарбӣ, ​ татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия шаҳрӣ Раҳимова М. ва мудири бахши занон ва ҷавонон Раҷабова Г. баргузор гардид.

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар вохӯрии мазкур сухан оид ба диққати ҷидди зоҳир намудани падару модарон дар тарбияи фарзандон, махсусан ҷавонону наврасон рафт. Ҳисси ватандӯстиву гиромидошти ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди онҳо аз оила сар мезанад, хизмат ба Ватан – Модар ин шарафи бузург аст. Огоҳ будан аз вақти холигии фарзандони наврасу ҷавонон, ба роҳи дуруст тарғиб намудани онҳо вазифа ва асоси ҳар як волидайн мебошад.

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Инчунин қайд карда шуд, хушунат дар оила ба вайроншавии фазои солимӣ ва пойдории оила​ ва фарзанд оварда мерасонад. ​ ​ Дар оилаи солим ҳамеша фарзандони солим ба воя расида, дар оянда фарзандони фарзонаи миллат, донишманду меҳнатқарин, инсонҳои хуб тарбият меёбанд.

          Дар фарҷоми вохӯрӣ сухан оид ба бемории сироятии коронавирус, беҳдошти саломатӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ рафта, ба онҳо маҳлулҳои антисептикӣ тақсимот карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *