Бахшида ба “Рӯзи ҷавони Тоҷикистон” бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим субҳи санаи 15- уми майи соли 2022 чорабинии “Дави миллӣ” баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи ҷавони Тоҷикистон шодбош намуд. Дар чорабинӣ кулли кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонони фаъоли ҳизб аз тамоми Ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона ширкат варзиданд. Пас аз дави миллӣ аз ҷониби аъоёни кумитаи тадорукот ғолибон муайян карда шуда, бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфарозонида шуданд.
Рубрики
Гулистон: Дави миллӣ дар шаҳри Гулистон
