Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Дастовардҳои истиқлолият

АНДЕША: “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо. Ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Мо ба он рӯз расидаем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидаем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем , ки Истиқлол аст.

        Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Маҳз Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *