Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Дастони тоза-кафолати иммунитети солим!

Имрӯз тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшиданд. Тарғиботчиён бо усули кӯча ба кӯча рӯ ба рӯ бо мардум сӯҳбат намуда, иброз доштанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Дастонро бо собун шуста аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Дар ҳолати атса задан ё сулфа кардан ҳатман ба духтур муроҷиат намуда, ниқоб пӯшанд. Ваксина гиранд. Ваксина зидди COVID-19 роҳи бехатари худро аз коронавирус эмин нигоҳ доштан , паст намудани хатари сироятёбӣ мебошад. Ҳамзамон маводҳои тарғиботӣ тақсимот карда шуд. Аксҳо аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *