Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО…

        Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамҷоя бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади таҷлил намудани 24-солагии Ваҳдати миллӣ, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар мавзӯъи “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…” мулоқоти васеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки Чоруқдаррон бо иштироки намояндагон Манонова Заррина Аҳадовна- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Боқиева Махинахон, аъзои фаъоли ҳизб Бобоева Зеварой Субҳоновна ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир карда шуд.Зимни мулоқот баромадчиён қайд намуданд, ки Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни сафари расмӣ дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Барои наздикии ду халқи бародар-тоҷику ӯзбек,ки ҳазор сол инҷониб паҳлӯи ҳам зиндагӣ карда, дӯсту бародар ва хешу табор шудаанд, шароити мусоид фароҳам овардем. Дар ин кор хизмати бузурги Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид кард Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён перомуни дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, аҳамияти таърихии он ва Истиқлолити давлатӣ баромад намуда, қайд кард, ки сулҳу якпорчагиву ободии Тоҷикистонро танҳо як нафар бо ҳидояташ, бо амалаш, бо дастураш, бо нотарсӣ, шуҷоат, ҷасуриаш, бо саховату самимияташ, бо эътиқоду эътимодаш ба халқ, сулҳро ба мо овардааст, ин нафар Эмомалӣ Раҳмон аст! Сулҳу Ваҳдат беҳтарин ва нодиртарин ҳадяи сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам орем. Дар поёни вохӯрӣ раиси ҷамоат Бердиева Наргиза Турсунбоевна оид ба “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ” баромад намуд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *