Рубрики
Асосӣ

Гулистон: ЗАМИН САРВАТИ БЕБАҲО!

     Имрӯз дар маҳаллаи якуми маркази шаҳри Гулистон бо шаҳрвандон мулоқот доир карда шуд. Корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба самтҳои асосии  Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон ҳамчунин оид ба истифодаи самараноки оқилонаи қитъаи замин таъкид намуданд, ки барои зимистонгузаронӣ маводҳои хӯрока захира намоянд. Аз ҳар як ваҷаби истифодаи самараноки  қитъаи замини наздиҳавлигӣ   ҳосили фаровон ба даст  оварада, баҳри рӯёндани якчанд ҳосили дигар аз ҳар як қитъаи замин, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуд буда истифода намоянд. Бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардум боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Зеро замин сарвати бебаҳо. Ҳамзамон оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, ба бар накардани либоси бегона корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *