Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, аз ҳар як оила дидан намуда, мулоқот доир намуданд. Сокинони шахри Гулистон аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода бурда, аз ҳосили рӯёнда меваю сабзавот ҷамъ оварда, бо омода сохтани консерваҳои хонагӣ ба зимистонгузарони тайёрӣ дида истодаанд.
Рубрики