Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТИ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшид.

           Масъулон тарғиботчиён ба тариқи хона ба хона бо шаҳрвандон мулоқот намуда, иброз намуданд, ки Артиши миллӣ – сипари боэътимоди амнияти кишвари азизамон буда, чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриямон мебошад. Афсарону сарбозони Ватан имрӯзҳо ҳаёти осоиштаи мардумро сарбаландона ҳифз мекунанд. Таъкид гардид, ки падару модарон дар тарбияи фарзандон, махсусан ҷавонону наврасон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳисси ватандӯстиву гиромидошти ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди онҳо аз оила сар мезанад, хизмат ба Ватан – Модар ин шарафи бузург аст. Огоҳ будан аз вақти холигии фарзандони наврасу ҷавонон, ба роҳи дуруст тарғиб намудани онҳо, вазифа ва асоси кори ҳар як волидайн мебошад, қайд намуданд тарғиботчиён. Инчунин зимни корҳои тарғиботӣ оид ба ободу тоза намудани кӯчаву маҳал дастурҳои мушаххас дода шуд.                                                                        

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *