Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Идомаи чораҷӯиҳои таблиғотӣ

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи солонаи маҳсулотҳои хӯрока, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон хона ба хона аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони шаҳр дидан намуда, дар байни мардум корҳои ташвиқотӣ бурданд.

Зимни сӯҳбат бо сокинон маълум гардид, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ якчанд маротиба ҳосили фаровон ба монанди бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, кадугиҳо, боимҷон, тарбузу харбуза ва аз мевагиҳо ангур, анҷир гирифта, барои зимистонгузаронӣ намудҳои гуногуни консервагиҳоро захира намуда истодаанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *