Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Истиқлолият бузургтарин неъмати бебаҳост

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳуввияти миллӣ ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии​ сокинони Тоҷикистон аст.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони азиз баъд аз машаққатҳои сангину нангин, гумроҳиҳову бохтанҳо ба 30 соли Истиқлолияти давлатӣ расид. Тули ҳазорсолаи охир ин бузургтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.

Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлати мустақил, нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ​ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз мебошад. Даврони соҳибистиқлолӣ бо корҳои пайгиронаи созандагӣ, ҷаҳду талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои​ ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид​ ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Албатта ҳама ин пешравиҳову созандагиҳо маҳз​ бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пешвои миллат тавонист, ки дар​ як муддати кутоҳ,​ баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, халқи парешону азияткашидаро гирди худ ҷамъоварда, баҳри аз нав қомат афрохтани давлати ба гирдоби нестӣ бархурдаро, аз нав эҳё намояд. Оқибатҳои нангини ин ҷанги хонумонсӯзро бартараф намуда, барои ҳар як хонадон шӯълаи умеди фардои дурахшонро афрӯхт. Имрӯз мо бо дили пур аз шодиву фараҳ, ба рағми ҳама бадбинҳову бадкорон, ки ҳамеша дар фикри коштани тухми низову вайроншавии сохти давлатдорӣ ва сулҳу суботи миллати тоҷик​ ҳастанд, ​ ба истиқлолу ягонагиву ваҳдати миллӣ расидаем. Беихтиёр ин лаҳза байтҳои ҳофизи афғон Фаҳими Фано, ки дар​ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба си соли истиқлоли давлатӣ суруда буд, вирди забон меояд:

Агар Сарвар намебуд, Оли Раҳмон,

​Биҳиштосо намешуд,​ Тоҷикистон!

​ Бале, мардуми меҳнатқарини тоҷик танҳо бо ​ сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои муҳими ҳаётӣ, ба шукуфоиву созандагиҳо расидааст.​ ​

Ман ҳамчун як зан – модари тоҷик имрӯз бо ифтихорманди гуфта метавонам, ки дар ин ватани маҳбуб фаъолият дорам. Мунтазам Пешвои муаззами миллат нақши занонро низ дар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас донистаанд. Боиси ифтихор аст, ки давлат ва Ҳукумати​ мамлакат низ ​ саҳми бонувонро дар рушди кишвар баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша қадрдонӣ менамояд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озоду дунявии мо муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тули қарнҳои охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Ҳамаи ин заҳматҳо баҳри расидани ин сарзамини зебоманзари мо дар радифи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ мебошад. Баҳри боз ҳам рушду нумуъи кишвар бояд беш аз пеш саъю талош намоем. Таҳти сарварии Пешвои миллат ин давлати биҳиштосоро боз ҳам мутараққӣ мегардонем.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри

Гулистон Ҷамолиён

Муслимахон Ғайбуллозода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *