Рубрики
Асосӣ

Гулистон: ИФРОТГАРОӢ – МАРИЗИИ ҶОМЕАИ МУОСИР!

          Тавре огоҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  кишвар муҳтарам Эмсомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар зикр намуданд, ки душманони миллати тоҷик мехоҳанд хислати бегонапарастиро ба мардум ҳидоят намоянд. Нахуст либосҳояшонро ворид мекунанд, баъд аз он тарзи ҳаёт, мафкура ва идеологияи  ифротгароии хешро дар байни мардум паҳн менамоянд.

         Тамоми сокинони кишвар медонанд, ки он ҳама нобасомониҳое, ки дар вилояти Бадахшон рух дод, чандин нафарон қурбон гардиданд. Хатари терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, буҳрони пайвастаи сиёсию иқтисодӣ, зиддиятҳои мазҳабию динӣ, кишвари рӯ ба тараққиниҳодаро водор месозад, ки дар роҳи пешгирии оқибатҳои фалокатбори он чораҳои зарурӣ андешад.

         Имрӯз ашхосони дар паси хоҷагони хориҷии хеш паноҳ бурда, аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ба доғдоркунии номи сарзамини худ машғуланд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари сулҳофар шинохта, эътироф кардааст, буҳтону сангандозиҳои ин зумра ашхосон эътибори мамлакати моро ҳаргиз паст нахоҳад кард.

        Ташвишовар он аст, ки нохалафон аз беруни кишвар истода, ҷавонони гумроҳи моро бо ҳар восита фирефта, ба роҳи ифротгароӣ, ки охираш торику зулмот аст, мекашанд. Аз тақлид ба бегонапарастӣ, аз ҷаҳолат ва фарҳангу маданияти костаи сиёсӣ, дониши пасти мардум истифода намуда, нафарони алоҳида, “шайхони навбаромад”, фаъол мегарданду мардумро фирефтаи худ мегардонанд.Тақозои ҳаёт худ собит намуд, ки террористон, ононе, ки ба Ватани худ имрӯз мухолифат карда, хиёнаткори Ватан гаштаанд, дар дохили хеш низ иттифоқ нестанд.

       Ин вазъият ҳар соҳибватанро тақозо мекунад, ки баҳри тақдири наврасону ҷавонон, ки ояндасози ин миллати кӯҳанбунёди мо мебошанд, бетарафу бепарво набошем. Хоҳ давоми машғулиятҳо, хоҳ берун аз дарс, пайваста ба ҷавонон эҳсоси ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамонро талқин намоем, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар бошем, то ки пас аз гузашти чандин солҳо ин насл аз мо ризоманд бошанд. Тамоми ғайрату кӯшишамонро ба он равона намоем, ки душманони миллати тоҷик  давлати Тоҷикистонро ба вартаи бесарусомонӣ набарад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *