Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати оилаҳое, ки фарзандонашон дар хизмати Ватан – Модар мебошанд ба роҳ монда, кумаки ғизоӣ расонида шуд.
Муслимахон Ҷамолиён – раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ зимни аёдат қайд намуд, ки пайвандони онҳо, афсарону аскарон, ғамхори нисбати оилаҳои онҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз муҳимтарин бахшҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аёдатшудагон шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ намуда, барои иқдоми нек ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузорӣ баён намуданд.