Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Корҳои тарғиботӣ идома дорад

     Бинобар хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии Ковид – 19 тарғиботчиёни назди кумиҷроия ба корҳои тарғиботӣ вусъати тоза бахшида, баҳри пешгирии бемории сироятӣ вохӯрӣ ва корҳои тарғиботиро бо сокинон ба роҳ монданд. Зимни вохӯрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии    СOVID-19 ибрози сухан намуда, қайд карданд, ки ҳар як фард гигиенаи шахсиро бояд риоя намояд, дастонро тез-тез  собуншӯ намуда, аз маҳлули антисептикӣ барои дастон истифода барад,  ниқоб пӯшида  ба аҳли хонавода ва дигарон  низ тавсия диҳад. Дар баромадҳо таъкид шуд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ дар хона буданд ва дар сурати зарурат фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд. Зимни вохӯриҳо маводҳои тарғиботӣ, ниқоби тиббӣ ва маҳлули безараргардонӣ ба сокинон тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *